Ҳазрати Имом Маҳдӣ ва Масеҳи мавъуд алайҳиссалом мефармоянд:

Хулоса ва чакидаи дини мо ҳамин аст, ки

لَا اِلٰہَ اِلَّا اللہُ مُحَمَّدٌ رَّسُولُ اللہِ

Ақидае, ки дар ин зиндагии дунёӣ дорем ва бо фазлу тавфиқи Худои таоло аз ин олами гузаранда кӯч хоҳем кард, ҳамин аст, ки сайидино ва

мавлоно Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам Хотаманнабийин ва Хайрулмурсалин (беҳтарини фиристодаҳо) мебошанд. Дар дасти онҳо дин мукаммал шудааст ва он неъмат ба дараҷаи камол расидааст, ки ба воситааш инсон роҳи ростро интихоб намуда то ба Худо расида метавонад. Боз, мо бо боварии комил имон дорем, ки Қуръони пок хотами китобҳои осмонӣ аст ва ягон нуқта ё ҳаракат дар вай аз шариатҳо, ҳудуд, ҳукмҳо ва амрҳояш зиёд ва ё кам шуда наметавонад. Акнун ягон ваҳйю илҳоме, ки ҳукмҳои Қуръонро таҳрир ё тансих ва ё дар ҳукмаш ягон тағйиру табаддулот ворид кунад, аз тарафи Худованд шуда наметавонад. Агар касе чунин фикр дошта бошад, дар назди мо аз ҷамоати муъминин хориҷ ва мулҳиду кофир аст.

Ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад (а), Рӯҳонӣ Хазоин, ҷ. 3, Изолаи авҳом, саҳ. 169-170