ШИНОСОИИ МУХТАСАР БО ҶАМОАТИ АҲМАДИЯИ МУСЛИМА

Асосгузор

Асосгузори ҷамоати Аҳмадия ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад қодиёнӣ алайҳиссалом ҳастанд. Эшон тибқи тақвими Исломӣ дар охири асри XIII ва оғози асри XIV аз тарафи Худо хабар гирифта, даъво карданд, ки ман ҳамон Масеҳ ва Маҳдӣ ҳастам, ки уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз ҳазору чорсад сол дар интизораш буд. Мақсади омадани ман ҳамин аст, ки дини Исломро дубора дар дунё ғолиб карда шавад.

Мақсади омад

Эшон ин амрро равшантар карданд, ки дини Ислом охирин дини Худо, Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам хотаманнабийин ва Қуръон охирин китоби шаръист ва ғайр аз ин дар дини Ислом ҳеҷ гуна навгониҳо дохил карда намешавад. Мақсади ҳақиқии Масеҳ ва Маҳдӣ ҳамин аст, ки мусулмононро дубора бар дини Ислом қоим кунад ва имонро дар дили мардум зинда кунад. Ҳазрати Ақдас гуфтанд, ки ман ин мақомро танҳо дар натиҷаи итоати Расули карим саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва бо баракати ҳамин аз тарафи Худо ёфтаам.

Масили Масеҳ

Дар баробари ин даъво, ҳазрати Ақдас (а) аз рӯйи Қуръон, ҳадис ва навиштаҷоти бузургони уммат исбот кард, ки ҳазрати Исо алайҳиссалом, ки ба тарафи Бани Исроил ҳамчун пайғамбар омада буд, дар осмон зинда нест, балки вафот ёфтааст. Масеҳе, ки дар уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам меояд, ба сабаби доштани монандиҳои бисёр бо Исои аввал, ӯро лақаби Масеҳ дода шудааст. Чӣ тавре, ки касе агар бисёр сахӣ бошад, онро Ҳотам мегӯянд, инчунин одами далерро шер.

Масеҳ ва Маҳдӣ як одам аст

Эшон исбот кард, ки Масеҳ ва Маҳдӣ дар ҳақиқат як одам аст ва ду ном. Ҳамаи аломатҳову нишонаҳое, ки дар китоби Қуръон ба таври ишора ва дар китобҳои ҳадис ба таври муфассал баён шудаанд ва ғайр аз ин Худо ба бузургони уммат аён кардааст, ҳамаи онҳо аз замони ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад сар карда ба вуҷуд омада истодаанд.

Интизор ва зуҳур

То охири асри XIII-и ҳиҷрӣ-қамарӣ ин аломатҳоро якто-якто мардум мушоҳида карданд ва ҳамаи олами мусулмонҳо дар интизори ҳамон Мавъуд буд, ки айни замон эшон бо ваҳйю илҳоми Худо соли 1882 даъвои маъмурият кард ва бар зидди ҳамаи динҳои ботил алалхусус бо дини масеҳӣ ҷиҳоди қаламию илмӣ сар кард. Дар натиҷа ҳамаи олимони он замон эътироф намуданд, ки чунин хизмати Ислом то сенздаҳ аср ҳеҷ кас накардааст ва ҳазрати Ақдас (а)-ро генерали ғолиб баромадашуда қарор доданд.

Бунёди ҷамоат

23 Марти соли 1889 эшон ҷамоатеро бунёд гузоштанд ва аз рӯйи пешингӯйҳо номаш дар соли 1901 “Ҷамоати Аҳмадия” монда шуд, ки аъзояш дар оғоз 40 нафар буданд ва акнун бо фазли Худо дар беш аз 200 кишвар миллион-миллион шудаанд.

Нишонаҳо

Дар таъйиди Ҳазрати ақдас алайҳиссалом Худо бисёр нишонаҳои заминию осмонӣ нишон дод, ки яке аз онҳо гирифтани моҳу офтоб дар моҳи рамазон (1894) ва дигаре паҳн шудани вабои тоун (1902) аст. Зикрашон дар навиштаҷоти Илоҳӣ мавҷуд аст. Баъд аз даъвои эшон қариб ҳама мухолифи Эшон шуданд ва ҷамоати Эшон низ аз ибтиллоҳои сахт гузашт, аммо бо вуҷуди ин рӯз то рӯз тараққӣ кард ва акнун дар 212 кишварҳои дунё ҷамоат вуҷуд дорад.

Хилофати Аҳмадия

Асосгузори силсилаи Аҳмадия, ‒ Имом Маҳдӣ ва Масеҳи Мавъуд, 13-уми Феврали соли 1835 дар деҳаи Қодиён ба дунё омад ва 26-уми Май соли 1908 аз олам гузашт. Баъд аз Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом силсилаи хилофат дар ҷамоати Аҳмадияи исломия ҷорӣ шуд, ки хабараш дар ҳадис низ мавҷуд аст. Баъди тақсими Ҳиндустон (1947) ҷамоати Аҳмадия марказашро аз Қодиён (Ҳиндустон) ба Рабва (Покистон) кӯчонид. Хилофати Аҳмадия дар соли 1984 ба сабаби қонунҳои зидди ҷамоати Покистон аз шаҳри Рабва (Покистон) ба Лондон (Англия) ҳиҷрат кард. Акнун ҷамоати Аҳмадия дар Исломобод (Англия) маркази нав бунёд кардааст.

Ваҳдати миллат

Акнун роҳбари ҷамоат халифаи панҷум ҳазрати Мирзо Масрур Аҳмад (айядаҳуллоҳу бинасриҳилазиз) мебошанд, ки дар Исломобод (Англия) сукунат доранд ва аз он ҷо ҳамаи корҳои ҷамоатро нигоҳубинию роҳбарӣ мекунанд. Хутбаи намози Ҷумъа ва хитоботи дигари Мирзо Масрур Аҳмад (айядаҳуллоҳу бинасриҳилазиз) ба воситаи спутник чор тарафи замин тамошову гӯш карда мешавад. Бинобар ҳамин бо саъйю кӯшиши ҷамоат аз ҳамаи олам, ҳамаи қавмҳо мардум ба як миллату қавм иваз шуда истодаанд.

Хизматҳо

Он хизматҳои бузурге, ки ҷамоат дар ҳаққи дини ислом ва мардум кардааст, баъзеашон ба таври зайланд:

  • Тарҷумаи Қуръони маҷид ва китобҳои ҳадис беш аз 100 забонҳо.
  • Дар чор тарафи дунё таъмири ҳазор-ҳазор масҷидҳо, ки байнашон баъд аз 700 сол таъмири нахустин масҷиди Испания ва дар хиттаи Австралия таъмири масҷиди нахуст дохил мебошанд.
  • Барномаи васеъ оид ба мардуми бечораву ҷабрдида, ки дар он беморхонаҳо, мактабҳо, коллеҷҳо, хонаҳо ва кумаки фаслӣ шомиланд.
  • Пули гаронқадр барои мусулмонҳои ҷабрдидаи дунё.
  • Дараҷаи мусалмонҳо ва олами Исломро баланд бардоштан. Меъёри илмию ахлоқӣ ва иқтисодии мусулмонҳоро баланд бардоштан, ки роҳнамои мусулмонон низ эътирофаш карданд. Агар инҳоро ҷамъ карда шавад, як китоби бисёрҷилда ба вуҷуд меояд.

Шартҳои байъат

Пайғоми Аҳмадият ба таври фардӣ ё ҷомеавӣ дар асл пайғоми зинда кардани Ислом ва олами Ислом аст. Далели ҳамин даъво он шартҳоянд, ки шахсе аввал онҳоро қабул карда баъд ба ҷамоати Аҳмаидя дохил мешавад. Хулосаи онҳо ин аст:

  1. Худдорӣ намудан аз ширк.
  2. Худдорӣ намудан аз дурӯғ, зино ва бадиҳои дигар.
  3. Хондани намоз, таҳаҷҷуд, дуруди шариф, истиғфор ва зикри Илоҳӣ.
  4. Ғам надодани махлуқи Худо.
  5. Вафодор шудан бо Худо ва розӣ шадан ба ризояш.
  6. Амал намудан ба таълимоти Қуръони карим.
  7. Худдорӣ намудан аз такаббуру нахват.
  8. Бартар гузоштани дин бар дунё.
  9. Ҳамдардӣ бо халқ.
  10. Доштани алоқаи наздик бо Имоммаҳдӣ.

Ин шартҳоро хонда бар ҳама аён мешавад, ки Аҳмадият дини нав нест ва шариати ҷадид нест. Ин шартҳо дар асл хулосаи Қуръону ҳадисанд. Ҷамоати Аҳмадия ҳамон рукнҳои дин, рукнҳои Ислом ва усулҳои дигар дорад, ки уммати муслима бар онҳо амал мекунад. Танҳо аз рӯйи васияти Пайғамбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам қабул кардани Имом Маҳдӣ ва Масеҳи мавъуд аст.

Даъват

Агар даъвои ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад Қодиёнӣ алайҳиссалом рост аст, пас, ба ҳар мусулмон воҷиб аст, ки ба овози ин маъмур лаббайк гӯяд ва тибқи васияти ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам байъати Имом Маҳдӣ кунад. Мо шуморо даъват медиҳем, ки ин даъворо аз рӯйи Қуръон бисанҷед. Ғайр аз ин чизи асоситарин ҳамин аст, ки аз Худо дуо кунед, ки Ӯ шуморо роҳнамоӣ кунад, роҳи ҳақ нишон диҳад.